Иштироки Самариддин Ализода дар брифинги онлайнӣ вобаста ба таҳлили вазъи бемории COVID-19 дар минтақа

Иштироки Самариддин Ализода дар брифинги онлайнӣ вобаста ба таҳлили вазъи бемории COVID-19 дар минтақа
Феврал 17
14:31 2021

Имрӯз, 17 феврали соли равон бо ташаббуси Директори минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар Аврупо ҷаноби Ҳанс Ҳенри Клюге брифинги онлайнӣ  вобаста ба таҳлили вазъи бемории коронавируси нави COVID-19 дар як қатор кишварҳо доир гардид, ки дар он  намояндагони вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон  иштирок намуданд. Аз ҷониби Тоҷикистон дар брифинги онлайнӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода ва намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар ҷаласа вазъи феълии бемории коронавирус дар кишварҳои зикргардида мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва табобати бемории мазкур иброз намуданд.

Ёдовар мешавем, ки тайи рӯзҳои охир дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нави бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Аммо, новобаста ба ин, аз сокинони мамлакат даъват ба амал оварда мешавад, ки қоидаҳои пешгирии бемории мазкурро қатъиян риоя намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 960
  • 1,242
  • 949,980