Дар ноҳияи Муъминобод маъракаи эмгузаронӣ доир гардид

Дар ноҳияи Муъминобод маъракаи эмгузаронӣ доир гардид
Феврал 27
14:58 2021

Дар ноҳияи Муъминобод  аз 15 феврал инҷониб рӯзҳои иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ  амалӣ гардида,  то  ин  муддат 5659 нафар  кӯдакон ба эмгузаронӣ фаро гирифта шуданд. Мувофиқи нақша 5761 нафар кӯдак ба қайд гирифта шуда, айни ҳол эмгузаронӣ дар арафаи анҷомёбӣ мебошад.

Тавре директори Маркази иммунопрофлактикаи ноҳияи Муъминобод Зебониссо Соҳибова иттилоъ дод, барои гузаронидани ин маъракаи оммавӣ аз ҷониби марказ тамоми шароит муҳайё гардида, ваксинагузаронҳо бо доруҳои ёрии авалин, сумак-яхдонҳо ва дигар маводи лозимӣ таъмин мебошанд.

Ин маъракаи оммавӣ дар  ҳудуди  7 ҷамоати  деҳоту  шаҳрак  гузаронида  шуда,  ҳамаи  кӯдакон  бо ваксина  таъмин  мегарданд. То ин ҷониб барои гузаронидани  эмгузаронӣ  ягон  мушкилӣ  пеш  наомадааст,  чун ки  аз  ҷониби  Вазорати  тандурустӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ  доруворӣ  сари  вақт  дастрас  мегардад.

Гуфта  мешавад, ки дар ин маърака  кӯдакони  солҳои таваллуди   2016- 2018  ба  эмгузаронӣ  фаро  гирифта  мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 970
  • 1,242
  • 949,990