Ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат доир гардид

Ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат доир гардид
Феврал 27
16:28 2021

27 феврали соли 2021 дар Муассисаи давлатии  “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода,  ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи вазоратро ифтитоҳ намуда, мавзӯъҳои ҷаласаро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Ҳамзамон, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат Фируз Назирмадзода, прокурори Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шодком Турсунзода, муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Ҳамин тавр, тибқи рӯзномаи ҷаласа нахуст оид Нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2013-2020» сардори шӯъбаи аудити дохилии вазорат Файзалӣ Сафаров баромад намуд.

Тавре зикр гардид, бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2020 таҳти №114 ҷиҳати таъмини иҷрои тадбирҳои дар Нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»  пешбинишуда ва пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақша – чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи  муқовимат  ба  коррупсия  дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли  2020» тасдиқ гардида, он мавриди амал қарор дода шудааст.

Инчунин, барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи идоравии зиддикоррупсионӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №208  дар таҳрири нав тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дода шуд.

Барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ба ин васила ошкор намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №479 «Дар бораи Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2018, №401 гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки тибқи тартиби муқарраргардида экспертизаи зиддикорупсионӣ ва арзёбии дохилиидоравии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаро мегузаронад.

Доир ба мавзӯъи дуюми ҷаласа, яъне “Дар бораи то ба ҷойи кор рафта расидани хатмкардагони соли таҳсили 2017-2018-и муассисаҳои давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии  тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ва соли таҳсили 2019-2020-и “Коллеҷи давлатии тиббии ҷумҳурӣ” Саломиддин Юсуфӣ, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми вазорат суханронӣ кард.

Бояд гуфт, ки новобаста аз талош ва кӯшишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳанӯз ҳам  норасоии кадҳои соҳаи тандурустӣ, махсусан, норасоии эпидемиологҳо, микробиологҳо, вирусологҳо, мутахассисони соҳаи хизматрасонии техника ва таҷҳизот дар як қатор муассисаҳои тандурустии мамлакат ба назар мерасанд.

Дар идомаи суханронии хеш номбурда доир ба масъалаву мушкилоти мавҷудаи соҳа, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта баромад намуд.

“Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2020, №328 “Дар бораи Барномаи давлатии расонидани кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шодихон  Ҷамшед  ба ҳозирин маълумот дод.

Гуфта шуд, ки мутобиқи банди 4 Нақшаи кории мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №328 “Дар бораи Барномаи давлатии расонидани кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020”  як қатор корҳои муҳим ва назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки “Барномаи давлатии расонидани кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” дар асоси банди 4 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 октябри соли 2015, №АП-594 ва бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ” аз 24 феврали соли 2017, №1390 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома мусоидат ба коҳиш додани вазъи душвори зиндагӣ ва дастгирии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, муҳайё намудани шароите, ки ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат имконияти баланд бардоштани сатҳи зиндагиашонро фароҳам меорад, таъмини дастрасии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат ба неруи барқ ва ҳамгироии онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ иборат мебошад.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ” кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар шакли кӯмаки пулӣ ва кӯмаки моддӣ муайян карда шудааст. Кӯмаки пулӣ дар навбати худ ба ду намуд ҷудо мешавад: 1) кӯмаки пулии якдафъаина ва 2) кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ”.

Дар маҷмӯъ, таъкид гардид, ки “Барномаи давлатии расонидани кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” тайи солҳои амали худ пурра  иҷро гардидааст.

Дар фарҷоми ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, пурзӯр намудани корҳои ободониву созандагӣ, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

 

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,038
  • 1,242
  • 950,058