Масъулони мақомоти давлатӣ роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятиро меомӯзанд

Масъулони мақомоти давлатӣ роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятиро меомӯзанд
Март 02
13:30 2021

1 марти соли равон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои масъулони мақомоти давлатӣ  оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ  аз сӯхтор ва дигар ҳолатҳои садамавӣ курси такмили ихтисос оғоз гардид, ки он то 6 марти соли равон идома меёбад.

Дар оғози ифтитоҳи курси такмили ихтисос ноиби ректор оид ба таълими Академия Сафаров Даврон ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Ибодат Ғанизода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, имрӯз сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқуллода ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров доир ба вазъи пешгирии бемориҳои сироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шунавандагон маърӯза намуд.

Номбурда зимни баромади хеш аз ҷумла доир ба сохтори санитарӣ эпидемиологии кишвар ба ҳозирин маълумот дода, ҳамзамон доир ба  усулҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ низ ба шунавандагон маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 740
  • 1,242
  • 949,760