Масъалаҳои фавти модару кӯдак, маъюбӣ ва бемории шадиди рӯдаю меъда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Май 26
10:17 2017

Таи рӯзҳои 21-26 майи соли равон бо ибтикорӣ Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд як қатор чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгириву роҳҳои муолиҷаи маризиҳои мухталиф, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим баргузор гардид. Аз ҷумла санаи 21 май дар рӯзи дави Миллӣ аз тарафи марказ дӯкони саломатӣ ва дӯкони саломатии сайёр ташкил карда шуда ба ҷавонон маводҳои иттилоотӣ оиди пешгирии бемории сил, сурхча ва гулафшон, тамокукашӣ ва нашъамандӣ  тақсим карда шуда бо воситаи баландгӯяки нақлиёти марказ оиди фоидаи варзиш, ҳафтаи имунизатсияи иловагӣ, зарари тамоку ва оқибатҳои нашъамандӣ маълумот дода шуд. Ҳамчунин таи рӯзҳои 22-26 майи соли равон аз ҷониби мутахасисони марказ ҷиҳати  пешгирии ҳолатҳои  тамокукашӣ, роҳу усулҳои пешгирии маризии илтиҳоби шуш, тарзу услуби мубориза бар зидди  бемориҳои сурхча ва гулафшон дар ҳамкори бо намояндагони ВАО дар телевизиону радиоҳои маҳҳалӣ баромаду гуфторҳо сурат гирифт.

Инчунин дар санаи  24 май дар Кохи фарҳанги шаҳри Хуҷанд ситоди вилоятӣ бо намояндагони МИҲД-и шаҳру ноҳияҳои вилоят, прократура, Раёсати тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят, марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, менеҷерони КАТС ва марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳру ноҳияҳои вилоят оид масъалаҳои фавти модару кӯдак, маъюбӣ ва бемории шадиди рӯдаю меъда баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мушкилот ва пайёмадҳои   фавти модару кӯдак, маъюбӣ ва бемории шадиди рӯдаю меъда ва роҳу усуслҳои аз байн бурдани проблемаи дар соҳа вуҷуд дошта мавриди таҳлилу баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 1,065
  • 1,242
  • 950,085