Ҷаласаи Шӯрои машваратӣ ва ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар соли 2021 баргузор гардид

Ҷаласаи Шӯрои машваратӣ ва ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар соли 2021 баргузор гардид
Март 09
16:36 2021

Имрӯз, 9 марти соли равон дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе нахустин ҷаласаи Шӯрои машваратӣ ва ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар соли 2021 баргузор гардид, ки дар кори он  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистони Зулфия Абдусаматзода, Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев, сардорони шӯъбаҳои педиатрии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, мутахассисони варзидаи соҳаи педиатрия, инчунин, шарикони рушд иштирок намуданд.

Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба ҳадаф ва мақсади баргузории ҷаласаи мазкур суханронӣ карда, ҳамзамон доир ба дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои солимии модар ва кӯдак  низ ибрози  андеша намуд.

Дар идомаи ҷаласа як қатор иштирокдорон доир ба масъалаҳои гуногуни ҷаласа маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд, ки атрофи онҳо аз ҷониби иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 958
  • 1,242
  • 949,978