Гузоштани санги асоси Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ

Май 29
10:19 2017

 25 май дар доираи ҳамкории самарабахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаҳои Бунёди Оғохон дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ санги асоси Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ва намояндаи муқимии Бунёди рушди Оғохон дар Тоҷикистон Акбар Алӣ Песнанӣ гузошта шуд.Дар ин бора мудири бахши иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи Раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева хабар дод.

Зимни муаррифии лоиҳаи маркази сохташаванда муҳандиси сохтмони Хадамоти Оғохон оид ба беҳтаркунии муҳити зист Сулаймон Сулаймонов иброз дошт, ки дар навбати аввал бинои асосии он барои расондани хизматрасонии тиббии амбулаторӣ ва бистарикунонӣ барои 48 кат ба фаъолият шурӯъ хоҳад намуд. Сипас, дар давоми 3-4 соли оянда он ба 254 кат расонда хоҳад шуд.

Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ мувофиқи дурнамо дар баробари сокинони ВМКБ ҳамчунин ба сокинони минтақаҳои наздимарзии Бадахшони Афғонистон низ хизмати тиббӣ мерасонад.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед бо қаноатмандӣ аз натиҷаҳои ҳамкории судманди дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаҳои Бунёди Оғохон ва махсусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои исмоилиёни дунё Аълоҳазрат Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ изҳор намуд, ки маҳз дар заминаи ҳамин ҳамкорӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят барномаҳои барои сокинони вилоят ҳаётан муҳим амалӣ гардиданд. Оғози сохтмони Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ ва бунёду мавриди истифода қарор додани он низ ба амалисозии яке аз ҳадафҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар-таъмини шоиста барои ҳар шаҳрванд мусоидат хоҳад намуд.

Таъкид гардид, ки роҳандозӣ намудани лоиҳаҳо дар самти таъйиноти гунонун дар вилоят аз ҷониби шабакаҳои Бунёди Оғохон як заминаи мусоидест барои беҳтар гардидани сатҳи иқтисодии рӯзгори мардум.

Дар навбати худ Акбар Алӣ Песнанӣ аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои гуногунҷанба аз ҷониби шабакаҳои Бунёди Оғохон дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки минбаъд низ ҳамкории худро бо Ҳукумати кишвар тақвият мебахшанд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур аз ҷониби ширкати «Турас» амалӣ хоҳанд гашт. Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ба масъулини ин ширкати сохтмонӣ таъкид намуд, ки дар мадди аввал ҷавонони шаҳри Хоруғро ба кори сохтмони марказ ҷалб намоянд, то шиддати бекорӣ дар маркази вилоят то андозае коҳиш ёбад.

Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ аз як ҷониб ба дастрасии сокинони вилоят ба хизматрасонии тиббии баландсифат ва аз ҷониби дигар ба таъмини кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ бо ҷойи кори мувофиқ мусоидат менамояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 960
  • 1,242
  • 949,980