ТОҶИКИСТОН ДАР ИДМ АЗ РӮИ ШУМОРАИ КАМИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶОЙИ АВВАЛ ҚАРОР ГИРИФТ. Кумитаи омори Иттиҳод дар бораи вазъи коронавирус маълумот пешниҳод кард

ТОҶИКИСТОН ДАР ИДМ АЗ РӮИ ШУМОРАИ КАМИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶОЙИ АВВАЛ ҚАРОР ГИРИФТ. Кумитаи омори Иттиҳод дар бораи вазъи коронавирус маълумот пешниҳод кард
Март 12
14:09 2021

Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар бораи вазъи COVID-19 дар Иттиҳод маълумот пешниҳод кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Дар иттилоия гуфта мешавад, ки пандемияи коронавирус (COVID-19) барои низоми тандурустии ҳамаи давлатҳои ҷаҳон мушкили ҷиддӣ гардид. Вазъ дар давлатҳои аъзои ИДМ низ истисно набуд.

Ёдовар мешавем, ки охири моҳи марти соли 2020 СУТ ба таври таъҷилӣ ба Таснифи байналмилалии бемориҳо ва мушкилоти марбут ба саломатӣ (ТББ), ислоҳи 10 ва 11 тағйирот ворид кард ва рамзҳоро барои сабти беморони гирифтори COVID-19 илова намуд. Моҳи апрели соли 2020 СУТ Дастурҳои байналмилалӣ оид ба сертификатсия ва рамзгузории COVID-19-ро ҳамчун сабаби марг омода кард. Ҳамин тариқ, имкон пайдо шуд, ки мақомоти тандурустӣ таъсири пандемияро дар омори худ инъикос намоянд.

Мувофиқи маълумоти СУТ, аз аввали соли 2020 то 1 марти соли 2021 дар саросари ҷаҳон 114,6 миллион ҳолати тасдиқшудаи COVID-19 ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 2,5 миллион нафар фавтидаанд.

Дар ин давра дар давлатҳои ИДМ 6,7 миллион ҳолати тасдиқшудаи COVID-19 муайян гардида, шумораи фавтидагон 0,1 миллион нафарро ташкил дод.

Дар байни давлатҳои Иттиҳод Тоҷикистон аз рӯи шумораи ками сирояти COVID-19 дар ҷои аввал қарор гирифт. Дар ҷойҳои дуюм ва сеюм мутаносибан Ӯзбекистон ва Қазоқистон мебошанд. Ҳолатҳои зиёди сирояти COVID-19 дар Арманистон, Молдова ва Украина ошкор карда шудаанд (ба ҷадвали зерин нигаред).

Як зумра созмонҳои байналмилалӣ бо мақсади муайян кардани таъсири COVID-19 ба афзоиши фавт дар соли 2020 ҳисоби ба истилоҳ «барзиёд» ё фавқулфавтро анҷом доданд. Ин усул муқоисаи сатҳи фавт дар соли 2020 бо сатҳи «заминавӣ» дар давраи дахлдори қаблӣ мебошад.

Кумитаи омори ИДМ дар асоси маълумоти пешниҳодкардаи хадамоти миллии омори кишварҳои узви Иттиҳод дар бораи коэффитсиенти фавт дар соли 2020 (маълумоти пешакӣ) коэффисиенти умумии фавтро дар ИДМ дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои миёна барои солҳои 2016-2019 ҳисоб кард.

Ҳисобҳо аз рӯи маълумоти мавҷуда нишон доданд, ки соли 2020 барои Иттиҳод дар маҷмӯъ (ба истиснои вазъи Беларус, Туркманистон ва Украина, ки маълумот дар бораи онҳо ҳоло дастрас нест), сатҳи фавт ба 11,6 фавтида ба 1000 нафар аҳолӣ рост меояд. Дар муқоиса бо ҳисоби миёнаи 4 соли гузашта — 10,1 фавтида ба 1000 нафар — афзоиш дар ИДМ дар маҷмӯъ тақрибан 15 фоизро ташкил дод.

«Бо гирифтани маълумот дар бораи сабабҳои фавт барои соли 2020, имконпазир аст, ки таъсири COVID-19 ба сатҳи умумии фавт дар кишварҳои ИДМ ва дар маҷмӯъ дар Иттиҳод дақиқтар арзёбӣ карда шавад», — омадааст дар иттилоия.

АКС аз бойгонӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 911
  • 1,242
  • 949,931