CУТ: дар ҷаҳон ягон ҳодисаи марг аз ваксинаҳо бар зидди коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

CУТ: дар ҷаҳон ягон ҳодисаи марг аз ваксинаҳо бар зидди коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
Март 13
15:40 2021

Дар ҷаҳон ба зиёда аз 268 миллион нафар ваксина ба зидди коронавирус гузаронида шуда, то ҳол ягон ҳодисаи марг аз ин ваксинаҳо ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора дар Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ зимни тавзеҳи аз ҷониби Дания, Исландия, Италия ва Норвегия боз доштани истифодаи ваксинаи ширкати бритониёӣ-шведии AstraZeneca ва Донишгоҳи Оксфорд пас аз пайдо шудани маълумот дар бораи ташаккули лахтаи хун дар онҳое, ки ваксина кардааанд, изҳор доштаанд, хабар медиҳад ТАСС.

«То санаи 9 март, тибқи маълумоте, ки СУТ аз ҳукуматҳои миллӣ гирифтааст, аз оғози пандемия ба беш аз 268 миллион нафар ваксина бар зидди COVID-19 гузаронида шудааст. То имрӯз ягон ҳодисаи марги марбут ба ваксинаҳо бар зидди COVID-19 муайян карда нашудааст», — гуфт намояндаи расмии СУТ Тарик Яшаревич.

Намояндаи расмии СУТ гуфтааст, ки ҳамчун чораи эҳтиётӣ, якчанд кишварҳои Иттиҳоди Аврупо истифодаи гурӯҳи махсуси ваксинаи AstraZeneca-ро бар асоси гузоришҳо дар бораи лахта шудани хун дар нафароне, ки ваксина гузарондаанд, боз доштаанд. Тарик Яшаревич афзудааст, ки ин тасмим ҳамчун чораи эҳтиётӣ, то анҷом ёфтани тафтишоти пурра, гирифта шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 961
  • 1,242
  • 949,981