Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти корҳои таъмирии Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти корҳои таъмирии Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон
Март 13
18:45 2021

Ҷиҳати шиносоӣ пайдо намудан аз фаъолияти хизматрасонии тиббӣ, рафти корҳои таъмирӣ ва тармими муассисаҳои тандурустӣ боздиди роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад.

Бо ин мақсад имрӯз, 13 марти соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода рафти корҳои таъмирии Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон дидан намуд.

Аснои боздид ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои таъмирӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маврид ба зикри хос аст, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои азнавсозӣ, таъмиру тармим ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бомаром идома дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 15
  • 1,018
  • 1,242
  • 950,038