Дар шаҳри Душанбе намоиши расмҳои кӯдаконе, ки бар зидди бемории сил мубориза мебанад, доир гардид

Дар шаҳри Душанбе намоиши расмҳои кӯдаконе, ки бар зидди бемории сил мубориза мебанад, доир гардид
Март 16
14:10 2021

16 марти соли равон бо ташаббуси Ташкилоти тиббии байналмилалии Духтурон бидуни марз ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба  Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил, ки ҳамасола дар олам санаи 24 март таҷлил мегардад,  дар Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемории сили шаҳри Душанбе намоиши расмҳои кӯдаконе, ки бар зидди ин беморӣ мубориза мебаранд, баргузор гардид.

Чорабиниро директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Раҷабзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки имрӯз дар кишвар барои ташхис ва табобати гирифторони бемории сил тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Зикр гардид, ки чорабинии имрӯза ба хотири кӯдаконе, ки ба бемории сил мубориза мебаранд, ташкил ва баргузор гардида, ҳадаф ва мақсади он кӯшишу талоши дастаҷамъонаи аҳоли ҷомеа баҳри мубориза бо бемории мазкур мебошад.

Ҳамин тавр, зимни баргузории чорабинӣ  дар миёни иштирокчиён озмуни «Расми беҳтарин» гузаронида шуд, ки дар натиҷа ғолибон муайян ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин, барои кӯдакон «қуттии шириниҳо» тақсим карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 17
  • 792
  • 1,242
  • 949,812