Аллергия чӣ гуна беморист ва роҳҳои пешгирии он кадомҳоянд?

Аллергия чӣ гуна беморист ва  роҳҳои пешгирии он кадомҳоянд?
Март 19
09:34 2021

Ба ин ва дигар саволҳои мо аллергологи “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” Абдукарим Юсуфов чунин посух гуфт:

“Аллергия (шаро) – ин ҳассосияти баланди хоси организм буда, ифодакунандаи аксуламали муҳофизатист, ки дар заминаи иммунологӣ ҷавобан ба таъсири такрории ангеза инкишоф меёбад.

Сабаби асосии бемориҳои аллергикӣ аллергенҳо мебошанд. Як қатор аллергенҳоро аз қабили, аллергенҳои доруворигӣ (пенисилин, аналгин, сулваниламидҳо, витаминҳо…), аллергенҳои ғизоӣ (тухм, шир, моҳӣ, машрубот, донагиҳо…), аллергенҳо аз гарди гулу гиёҳҳо, аллергенҳои замбуруғӣ, аллергенҳои бактериявӣ ва ғайраро метавон номбар намуд, ки ба сифати барангезанда маъмуланд.

Ғайр аз ин, омилҳои физикӣ, ба мисли гармиву сардӣ низ метавонанд ба сифати аллерген таъсиргузор бошанд.

Омилҳои пайдоиши аллергия аз шароити номусоиди фазои атроф ва ҳассосиятнокии организм вобастагӣ дорад.

Сатҳи пайдошавии бемории мазкур аз мавқеи климатогеографӣ ва саноатикунонӣ, инчунин аз сатҳи истеъмоли ғизоҳои гуногуни пиротехникӣ ва истифодаи аз меъёр зиёди дорувориҳои гуногун вобаста аст.

Ҷиҳати пешгирӣ аз мубталоӣ ба аллергия бояд пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти санитариву гигиенаи шахсиро риоя намуда, дар баробари ин ғизои солимро истеъмол ва аз дорувориҳо дуруст истифода бурдан  лозим аст. Ҳамчунин организмро аз таъсири зараровари омилҳои атроф эмин нигоҳ доштан шарти дур будан аз бемориҳои аллергикӣ ба шумор меравад.

Дар баробари ин, усулҳои муолиҷаи бемориҳои аллергикӣ дар истифодабарии вояҳои дурусти дорувориҳои зидди гистаминӣ асос ёфтааст.

Бо мурури замон кишвари мо низ чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷумеаи ҷаҳонӣ   рӯз то рӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардида истодааст. Ва  амри табиист, ки дар баробари пешрафти иқтисодиёт ва саноатикунонии мамлакат, инчунин бо сабаби воридоти  маводҳо ғизоии технологияи омодасозияшон гуногун, дорувориҳо ва дигар техникаву таҷҳизоти мухталиф яқинан сатҳи паҳншавии бемориҳои аллергикӣ дар солҳои охир афзоиш ёфтааст, ки албатта, ин бо таъсири муҳити беруна ст.

Барои эмин мондан аз бемориҳои аллергикӣ қабл аз ҳама риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, истифодаи оби тоза, ғизои солим, инчунин тозаву озода ва мусаффо нигоҳ доштани фазои атмосферии минтақа аз газу дуди заводу фабрикаҳо ихроҷшаванда ва техникаҳои ихроҷкунандаи ин маҳсулот зарур мебошад”.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 550
  • 1,242
  • 949,570