Роҳбарият ва кормандони Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд

Роҳбарият ва кормандони Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд
Март 23
15:47 2021

23 марти соли равон роҳбарият ва кормандони Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе ба  ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 23 март  дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Самариддин Ализода,  роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва доираи васеи рӯзноманигорон маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар Тоҷикистон расман оғоз гардид.

Дар ин чорабинӣ нахуст Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва  роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе  ваксинаи зидди бемории COVID-19 гирифтанд.

Бояд гуфт, ки тибқи нақша нахуст гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм   ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 712
  • 1,242
  • 949,732