3 июни соли ҷорӣ бахшида ба «Соли Ҷавонон», «Рӯзи кӯдакон» ва «Рӯзи байналмилалии бе тамоку» бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим,инчунин баланд бардоштани ҳисси масъулият нисбати саломатии инсон, дар Маркази дилшиносии вилояти Суғд ба номи А.Я.Орифов чорабинии варзишиву фароғатӣ бургузор гардид.
Чорабинии мазкур бо варзиши пагоҳирӯзии кормандон ва беморон оғоз гашта сипас байни кормандони Марказ мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои тенниси рӯи мизӣ, шоҳмот, шашкаи русӣ ва ғайра гузаронида шуданд. Ҳамзамон дар саҳни Марказ барои фарзандон ва кӯдакони кормандон озмуни расмкашӣ дар рӯи мумфарш дар мавзӯъҳои гуногун гузаронида шуд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ намояндагони Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва маъмурияти Марказ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли мусобиқа тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.