Дар доираи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат имрӯз, 25 марти соли равон роҳбарият ва кормандони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ба ваксинатсия зидди бемории мазкур фаро гирифта шуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки санаи 23 марти соли равон дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Самариддин Ализода, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва доираи васеи рӯзноманигорон маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар Тоҷикистон расман оғоз гардид.
Бояд гуфт, ки тибқи нақша нахуст гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта мешаванд.