Баррасии муроҷиати видеоии шаҳрванд Нигина Муминова. Вазъи саломатии номбурда зери назорати роҳбарияти вазорат қарор дорад

Баррасии муроҷиати видеоии шаҳрванд Нигина Муминова. Вазъи саломатии номбурда зери назорати роҳбарияти вазорат қарор дорад
Март 26
14:42 2021

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати видеоии шаҳрванд Муминова Нигинаро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш карда шуд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, чунин маълумот пешниҳод менамояд.

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи саломатии номбурда тибқи супориши бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода гурӯҳи корӣ иборат аз сармутахассисони ғайривоҳидии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Беморхонаи марказӣ ва КАТС-и шаҳри Ваҳдат ва директори Маркази бемориҳои сили  шаҳри Ваҳдат  ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Нигина Муминова ташриф оварданд.

Тавре маълум гардид, Нигина Муминова  истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Фирдавсӣ, хонаи №99 буда, аз соли 2019 дар Маркази бемориҳои сили шаҳри Ваҳдат бо ташхиси сили сутунмуҳра, саратони сутунмуҳра ба қайд гирифта шудааст.

Ҳангоми суҳбат бо Муминова Н. маълум гардид, ки номбурда аз соли 2019 инҷониб аз тарафи мутахассисони марказҳои шаҳрӣ саривақт ташхис ва муоина шуда, табобат ва доруҳои лозимаро мегирифтааст.

Барои ташхис ва табобати минбаъда Нигина Муминова санаи 25 марти соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бистарӣ карда шуд. Айни замон вазъи саломатии Нигина Муминова таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази мазкур қарор дорад.

Дар навбати худ шаҳрванд Муминова Нигина барои саривақт расидагӣ намудан ба муроҷитаи видеоии хеш ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва масъулин, ки ба аёдати ӯ рафтанд, изҳори миннатдорӣ баён намуд.

(Дар акс шаҳрванд Муминова Нигина)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 960
  • 1,242
  • 949,980