Июн 13
10:41
2017
Чанде қабл ҷиҳати таъмини сатҳи сиҳатии сокинон аз маризиву бемориҳои мухталиф «Корвони саломатӣ», ки аз ҷониби Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ташкил карда шуда буд, ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон сафарбар гардид. Зимни баргузории «Корвони саломатӣ» 1147 нафар сокинони ҷамоати С.Турдиев, деҳаи Сомонӣ аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор гардиданд.
Дар чорабинии мазкур мутахасисони ботаҷрибаи муассисаҳои ташхисиву табобатии вилоят сафарбар гардида, дар баробари ташхису муоина инчунин ба сокинон маслиҳатҳои муфид доданд.