Дар вилояти Хатлон озмуни “Беҳтарин муассисаи тиббӣ”, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд, ҷамъбаст гардид.
Бо назардошти сабзу хуррамгардонии назди муассиса, ҷараён бахшидани тадбирҳои ободонӣ Муассисаи КАТС-и шаҳри Бохтар дар озмуни мазкур сазовори ҷойи аввал ва ҷоизаи “Беҳтарин муассисаи тиббӣ” гардид. Ҷоизаро ба роҳбарияти Муассисаи КАТС-и шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода тақдим намуд.
Бояд гуфт, ки аз аввали мавсими фасли баҳор маъмурияти КАТС-и шаҳри Бохтар дар ҳудуди муассисаи мазкур гулҳои тозаву муаттар шинонида, барои эҳтиёҷмандон шароити мусоиди интизорӣ ва муолиҷаро фароҳам сохтаанд.
Соли равон бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба КАТС-и шаҳри Бохтар зиёда аз 10 адад таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири тиббӣ дастрас карда шуд, ки дар натиҷа сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ дар муассисаи мазкур боз ҳам беҳтар гардид.