Июн 22
11:04
2017
Дар арафаи 20 – умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ва иди шарифи Рамазон кормандони Раёсати хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон ва соҳибкорони соҳа ба хонаҳои пиронсолон кӯмакҳои якдафъаина расониданд.
Чуноне аз маркази матбуотии раёсат хабар доданд соҳибкорони соҳаи фармасевтӣ дар ноҳияи Ёвон ва соҳибкорони ноҳияи Вахш ба хонаҳои пиронсолон маводи ғизоӣ ва маводҳои гигиенӣ дастрас намуданд.
Ҳамчунин кормандони Раёсати хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон ба ҷамъияти маъюбони шаҳри Қӯрғонтеппа ва Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии буду боши маъюбон ва пиронсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар кӯмаки яквақтаинаи молӣ намуданд.