Ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» чораҳои зарурӣ андешида шудаанд

Июн 23
11:04 2017

Дар амал тадбиқ намудани «Барномаи  миллии ташаккули тарзи  ҳаёти  солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2011-2020», «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2016-2020», мубориза алайҳи бемориҳои ботулизм, гепатити шакли А, ҳорӣ, сил, сурхча ва гулафшон, дипрессия, вараҷа, бемории шадиди рўдаю меъда, дарунравӣ, тамокукашӣ, нашъамандӣ яке аз самтҳои аслии фаъолияти  Маркази  ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд ҳисобида мешавад.

Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ баҳри  пешгирии бемориҳои ботулизм, гепатити шакли А, ҳорӣ, сил, сурхча ва гулафшон, дипрессия, вараҷа, бемории шадиди рўдаю меъда, дарунравӣ, тамокукашӣ, нашъамандӣ ва бемориҳои бо воситаи об гузаранда   аз ҷониби мутахассисони  марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд «Дўконҳои саломатии сайёр» дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Панҷакент, Хуҷанд, Бўстон, Гулистон, Мастчоҳ, Исфара, Конибодом, Истиқлол, Спитамен, Ҷ.Расулов  ва Деваштич  гузаронида,  ба аҳолӣ дар мавзўъҳои зикршуда маълумоти муфассал дода,  маводҳои иттилоотӣ   тақсим карда шудааст.   Чунин чораандешиҳо бо мақсади   амалӣ гардонидани «Барномаи  миллии ташаккули тарзи  ҳаёти  солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2011-2020» ва «Барномаи  миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд барои солҳои 2011-2020» андешида шудааст.

Маврид ба таъкид аст, ки имрӯзҳо дар сатҳи вилоят18 марказҳои шаҳрию ноҳиявии ташаккули тарзи ҳаёти солим фаъолият доранд.

Ҳамзамон, дар доираи ин барномаҳо, бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, инчунин ҷалби намояндагони Раёсатҳои тандурустӣ, маориф, кор бо занон ва оила, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, идораи телевизион ва радиои вилоят,  шўъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маосимҳои МИҲД-и вилоят, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят, филиали муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрфилактика» ва 18 марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба рўзҳои миллии имунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон  мизи мудаввар гузаронида шуда, дар рафти он як қатор мушкилоти дар соҳа вуҷуддошта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки дар ин давра ҷамъомади   ситоди вилоятӣ бо намояндагони МИҲД-и шаҳру ноҳияҳои вилоят, Раёсатҳои тандурустию  корҳои дохилӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят,  марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳру ноҳияҳои вилоят,  оид ба масъалаҳои фавти модару кўдак, маъюбӣ ва бемориҳои шадиди рўдаю меъда баргузор гардида, зимни баргузории ин чорабинӣ низ мушкилоти дар соҳа вуҷуддоша мавриди омузиш қарор гирифтааст.

Вохуриву суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳи тавассути ВАО ба аҳолӣ яке аз тадбирҳои дигари марказ таи соли ҷорӣ ҳисобида мешавад.  Гуфта мешавад, дар ин давра  мутахассисони марказ дар ҳамкорӣ бо ВАО  бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ  дар мавзўъҳои фоида ва зарари антибиотикҳо, зуком,  пешгирии бемории ботулизм, пешгирии бемории ҳорӣ, пешгирии бемории зукоми мавсимӣ, никоҳи хешу таборӣ, пешгирии бемории сўхтанӣ, пешгирии бемории сактаи дил, пешгирии бемории буғумдард,  бемории ҷоғар, оби тоза манбаи ҳаёт, сурхча ва гулафшон ,  пешгирии БПНМ , соли 2017- Соли ҷавонон, пешгирии бемории сил, дипрессия, биёед гуфтугў мекунем,  пешгирии бемории вараҷа,  вируси ақибмонии зеҳнии  рақамӣ, ҳафтаи фарогирии бекирмгардонӣ,  фоидаи барги ток ва кабудӣ, фишорбаландӣ, оқибати тамокукашӣ, «Хундиҳии беподош» сӯҳбатҳо баргузор намудаанд, ки барои огаҳии бештари мардум саҳми сазовар мегузорад.

Ин дар ҳолест, ки таи соли ҷорӣ  аз тарафи Марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 33414  лексия , 324 297 сӯҳбат, 39  аксия дар мавзўъҳои гуногун ва 123  маротиба дӯкони саломатӣ ташкил ва гузаронида шуданд. Инчунин  60 000 адад маводҳои иттилоотӣ миёни сокинон тақсим карда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 906
  • 1,242
  • 949,926