20 апрели соли 2021 дар маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории байнисоҳавии техникӣ ҷиҳати амалишавии «Тадқиқот оид ба ҳолатҳои маъюбшавӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатии баргашта» баргузор карда шуд.
Иқдоми мазкур дар доираи пешниҳоди лоиҳавии Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон (ТБМ) таҳти унвони «Муҳоҷирони ба ватан баргаштаи Тоҷикистон: мусоидат ба вокунишҳои бисёрҷониба ба масъалаҳои бемории рӯҳӣ ва маъюбият» амалӣ хоҳад гардид.
Дар ин маҷлис, ки ба таври маҷозӣ гузаронида шуд, коршиносони байналмилалии Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон (ТБМ) Рязантсев С.В. ва Иванова А.Е. аз Федератсияи Россия, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Зикрихудоев А., намояндаи масъули Намояндагии Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Қурбонов Р., инчунин аъзоёни ҳайати гурӯҳи корӣ, намояндагони масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат иштирок варзиданд.
Дар ибтидо, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ Рӯнамои «Методолгияи гузаронидани тадқиқот», ки аз ҷониби онҳо таҳия гардидааст, муаррифӣ карда шуд. Аз ҷониби масъулин пешниҳод гардид, ки дар тадқиқот усули таркибӣ бо истифода кардани методҳои сифатӣ ва миқдорӣ истифода карда шаванд. Гуфта шуд, ки гурӯҳи тадқиқшавандагон-ин шаҳрвандони Тоҷикистони синну соли 18-65 сола, ки давоми ду соли охир дар муҳоҷирати меҳнатӣ будаанд, мебошанд.
Сипас, муҳокимаи баромадҳои маърӯзачиён карда шуда, саволу ҷавоб ва пешниҳодҳо манзур карда шуданд. Тадқиқоти мазкур баҳри беҳтар ва дақиқ фаҳмидани осеббардории истеҳсолӣ, ҳолатҳои беморшавӣ ва маъюбшавии аҳолӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, баррасии таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ дар самти ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирон равона гардидааст.