Дӯстӣ: Ҷамолиддин Абдуллозода захмишудагони садамаи нақлиётиро аёдат намуд

Дӯстӣ: Ҷамолиддин Абдуллозода захмишудагони садамаи нақлиётиро аёдат намуд
Апрел 26
15:45 2021

 Имрӯз, 26 апрели соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ бо вазъи саломатии 10 нафар шаҳрвандоне, ки шоми 24 апрели соли равон бар асари оташсӯзӣ дар нақлиёти мусофирбари тамғаи  “Хундай-Старекс” захмӣ гардида, дар Беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ бистарӣ гардидаанд, шинос шуд.

Аснои шиносоӣ бо вазъи саломатии захмишудагон, ҳамзамон, Ҷамолиддин Абдуллозода  бо наздикону пайвандони онҳо суҳбат намуда, иброз дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобати захмишудагон тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳад сохт.

Тавре иттилоъ дода шуд, айни замон вазъи сиҳатии ҷароҳатбардоштагони садамаи нақлиётии мазкур муътадил мебошад.

Дар навбати худ, барои дар сатҳи баланд расонидани хизматрасонии тиббӣ ба захмишудагон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти беморхонаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бояд гуфт, ки табобати захмишудагон пурра ройгон ба роҳ монда шуда, рафти табобати онҳо  зери назорати бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорад.

Ҳамчунин, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор пайвандони бемороне, ки дар беморхонаи мазкур бистарӣ мебошанд, гуфтугӯи озод анҷом дода, аз онҳо доир ба  рафти хизматрасонии тиббии  муассисаи мазкур пурсон шуд.

Тибқи иттилои сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ, дар ин садамаи мудҳиш 12 нафар маҷрӯҳ шудаву бо ҷароҳатҳои гуногун дар Беморхонаи марказии Дӯстӣ бистарӣ шудаанд ва аз ин шумора ду нафарашон  бар асари ҷароҳати вазнин ба ҳалокат расидаанд.

 Ёдовар мешавем, ки шоми 24-уми апрели соли 2021 тахминан 19:30 дақиқа як мошини тамғаи “Хундай-Старекс”, ки онро як сокини 32-солаи деҳаи Шараф, ҷамоати деҳоти Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ идора мекард, ба девори бетонии ҳошияи роҳ бархӯрда, чаппа шудааст ва ҳамзамон оташ гирифтааст.

Тибқи иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ин мошин аз шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Қубодиён  дар ҳоли ҳаракат буд ва дар қаламрави деҳаи Донашикани ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ дучори садама гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 973
  • 1,242
  • 949,993