Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита мулоқот намуд

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита мулоқот намуд
Апрел 27
12:29 2021

27 апрели соли равон дар  Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи оғоз гардидани “Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита  мулоқот намуд.

Ҳамзамон, дар мулоқот намояндагони  Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва роҳбарияти Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорат ба  Ҳукумати Ҷопон барои дастгирӣ ва мусоидат намудан бобати харидорӣ ва ворид намудани ваксинаҳо бар зидди бемориҳои мухталиф  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита низ дар навбати худ аз ҳамкориҳои судманд бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рушди равобити дипломотии  Тоҷикистону  Ҷопон  ҳавасмандӣ зоҳир намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки роҳбарияти олии Ҳукумати  Ҷопон омодаи рушди ҳамкориҳо дар ҳамаи соҳаҳо, хосатан соҳаи тандурустӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Пас аз анҷоми вохурӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳирии Тоҷикистон  Ҷамолиддин Абдуллозода ва  Сафири  Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита аз яхдонҳои нигоҳдорандаи ваксина, ки дар шафати бинои Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” қарор доранд, дидан намуданд.

Ёдовар мешавем, ки  аз 26 апрел то 2 майи соли 2021 давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) «Ҳафтаи аврупои иммунизатсия»-ро (ҲАИ) ҷашн мегиранд, ки ин ҷорбинии муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бомаром идома дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 973
  • 1,242
  • 949,993