Санаи 01 июли соли равон бо мақсади таъмини сатҳи сиҳатии сокинон ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз гирифторшавӣ ба маризиву бемориҳои мухталиф «Корвони саломатӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Рашт сафарбар гардид.
Зимни баргузории чорабинии солимгардонии мазкур бо ҷалби зиёда аз 36 нафар мутахассисони ботаҷрибаи соҳавӣ мардуми маҳаллӣ аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор гардиданд. Маслиҳату машварат ва ташхисҳои мутахассисони баландпояи муассисаҳои ташхисиву табобатии чумҳуриявиро сокинони маҳаллӣ ба хубӣ пазируфтанд. Дар баробари ин табибони маҳаллӣ низ имкон пайдо карданд, то аз таҷрибаи бои ҳампешагону устодони хеш, ки дар муассисаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолият мекунанд, баҳраманд гарданд.
Дар “Корвони саломатӣ” 1526 нафар сокинон аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор гардида 11 нафар беморони ниёзманд аз ҷониби мутахасcисони ботаҷриба ҷарроҳӣ карда шуданд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур мутахассисони “Корвони саломатӣ” бо дастгоҳу лавозимоти муосири соҳавӣ аз қабили; дастгоҳҳои ташхиси фаросавтӣ, дастгоҳҳои сабти баркии дил, дастгоҳҳои даруннигарӣ, наклиёти сайёри флюорографӣ, тестҳо барои ташхиси ВНМО, деабети қанд ва клиникаи мобилӣ таъмин карда шуданд.