Вазъи бемориҳои ғайрисироятӣ дар мамлакат баррасӣ гардид

Вазъи бемориҳои ғайрисироятӣ дар мамлакат баррасӣ  гардид
Май 04
16:47 2021

Имрӯз, 4 майи соли равон дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе бо ташаббуси  ТУТ дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба вазъи пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вебинар (семинар-ҷаласаи онлайнӣ) баргузор гардид, ки дар он Ҷамшед Муртазозода, намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский, Котиби якуми Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Масленников, сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бандаев Илҳом, шарикони рушд, роҳбарон ва намояндагони як қатор муассисаҳои тандурустӣ ва ҳамзамон ба тариқи онлайн мутахассисони ТУТ  иштирок ва суханронӣ  намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода зимни ифтитоҳи вебинар иброз намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар самти пешигири бемориҳои ғайрисироятӣ дар мамлакат тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда истодааст.

Зикр гардид, ки тамокукашӣ яке аз омилҳои асосии хатари бемориҳои ғайрисироятӣ (саратон, бемориҳои дилу рагҳо ва ғ.) ба ҳисоб рафта, тибқи нишондодҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, айни ҳол дар ҷаҳон аз шумораи умумии аҳолӣ ҳамарӯза наздики 1 миллиард мардон ва 250 миллион занон тамоку мекашанд.

Ҷамшед Муртазозода, намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии истифодаи маҳсулоти тамоку як қатор чораҳои муҳимро рӯи кор гирифтааст, ки барнома ва ҳуҷҷатҳои дар ин самт қабулгардида далели ин гуфтаҳо мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки аввалин маротиба соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» қабул гардида, соли 2013 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи қолабии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ доир ба мубориза бар зидди тамоку ҳамроҳ гардид.

Мувофиқи маълумотҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, тамокукашӣ 10%-и сабаби асосии марги аҳолии калонсоли ҷаҳонро ташкил дода, ҳамасола 5,4 миллион одам аз бемориҳои ба тамокукашӣ вобаста мефавтанд.

Дар идомаи вебинар як қатор иштирокчиён низ баромад намуда, ба ҳозирин доир вазъи бемориҳои ғайрисироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар кишвар  маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,041
  • 1,242
  • 950,061