Кӯлоб: Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Кӯлоб: Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Май 05
17:59 2021

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таҳлил ва баррасии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар кишвар роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.

Бо ин мақсад имрӯз, 5 май  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба минтақаи Кӯлоб сафар намуда, бо фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоӣ шинос шуд.

Дар ҷараёни сафари корӣ нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб дидан намуда, бо рафти фаъолияти шӯъбаҳои он шинос гардид.

Аз ҷумла, номбурда аз шӯъбаи сироятии беморхонаи мазкур ва як қатор таҷҳизоти тиббие, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ  ва дастрас карда шудаанд, дидан намуда, барои истифодаи самараноки онҳо дар самти ташхис ва табобати аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар идомаи сафари кории хеш ҳамзамон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Восеъ ташриф овардаву бо фаъолияти Беморхонаи касалиҳои руҳӣ, Беморхонаи бемориҳои сил ва Беморхонаи  марказии ноҳияи мазкур  шинос шуда, инчунин, бо беморон суҳбати озод анҷом дода, доир ба хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.

Аснои мулоқот бо беморон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки имрӯзҳо соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар меҳвари сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, баҳри рушду пешрафти соҳа пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Инчунин, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода  аз рафти корҳои сохтмонии як қатор иншоотҳои тандурустӣ низ дидан намуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои таъмирию тармимӣ ва бунёду азнавсозии  муассисаҳои тандурустӣ бомаром идома доранд.

Натиҷаи таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии кишвар ба соҳа мебошад, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакат муассисаҳои тандурустии муҷаҳҳаз бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ ба сокинони кишвар дар сатҳи баланд хизмати тиббӣ мерасонанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 951
  • 1,242
  • 949,971