Масъулини вазорат иштирокчиёни ҶБВ-ро аёдат намуданд

Масъулини вазорат иштирокчиёни ҶБВ-ро аёдат намуданд
Май 06
16:39 2021

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар моҳи шарифи Рамазмон ва ҳамзамон ба ифтихори санаи муҳими таърихӣ 9-май-Рӯзи ғалаба бар зидди фашизм роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ як қатор иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки дар ҳудуди ноҳияи мазкур зиндагӣ мекунанд, аёдат намуданд.

Зимни аёдат масъулини вазорат ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пиронсолон, хосатан ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста ба онҳо кӯмаки моддӣ ва молиявӣ ва мерасонад.

Зикр гардид, ки саҳми ҷавонмандони тоҷик низ дар баробари дигар намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ба даст овардани ғалаба бар зидди фашизм воқеан назаррас ва қобили ситоиш мебошад.

Ҳамзамон, аз ҷониби намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ба аёдатшудагон маводи ниёзи аввал ва  маблағ дастрас карда шуд.

Дар навбати худ, аёдатшудагон барои тинҷиву оромӣ, сарҷамъӣ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони биҳиштосо  даст ба дуо бардоштанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 997
  • 1,242
  • 950,017