Донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалӣ дар Россия пирӯз гаштанд

Донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалӣ  дар Россия пирӯз гаштанд
Май 07
15:43 2021

Дар Донишгоҳи давлатии иҷтимоиву педагогии Волгоград бо ташаббуси Институти таҳсилоти байналмилалӣ аз 21-ум то 30-юми апрели соли 2021 Олимпиадаи II байналмилалии фосилавӣ аз забони русӣ чун забони хориҷӣ таҳти унвони «Россия: забон ва анъанаҳо» бо мақсади рушди ҳавасмандии маърифатӣ ба фарҳанги рус баргузор гардид.

Дар ин Олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ, ки аз се давр иборат буд, аспирантҳо, магистрантҳо ва донишҷӯён, ки сатҳи донишашон ба дараҷаи В1 ва аз он болотар буд, ширкат варзиданд.

Дар ин Олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ду нафар донишҷӯёни факултети тиббӣ – Саидова Хушнуда Аскаралиевна (курси 1, гурӯҳи 41) ва Ҳомидова Раҳима Равшановна (курси 1, гурӯҳи 41) таҳти раҳнамоии доктори илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забони тоҷикӣ Қосимов Олимҷон Ҳабибович ширкат намуданд.

Озмун дар се давр баргузор шуд. Дар даври аввал иштирокгарон донишҳои худро ба тариқи онлайн аз лексика, грамматика, адабиёт ва кишваршиносӣ санҷиданд.

Дар даври дуюм иштирокдорон ба мавзӯи пешниҳодгашта пас аз омодагии қаблӣ иншо навиштанд.

Дар марҳалаи сеюм дар мавзӯи “Ҷашни маҳбуби кишвари ман” видеоролик бо шарҳу эзоҳаш омода карда, дар сайти Донишгоҳи Волгоград гузоштанд.

Пас аз баҳогузории ҳар се давра натиҷаҳои Олимпиадаи II байналмилалии фосилавии Донишгоҳи Волгоград ҷамъбаст гардид.

Дар ҷамъбаст донишҷӯи курси 1–уми факултети тиббии МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” (гурӯҳи 41) Саидова Хушнуда Аскаралиевна, ки дар мавзӯи “Иди солинавии славянии масленитса” иншо навиштаву дар бораи Ҷашни байналмилалии Наврӯз видеоролик омода карда буд, сазовори ҷойи якум ва дипломи дараҷаи аввал гардид.

Донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Ҳомидова Раҳима Равшановна аз гурӯҳи мазкур бо иншо дар мавзӯи “Иди насронии писҳо (пасха)” ва видеоролик дар бораи “Иди Қурбон дар Тоҷикистон” ба гирифтани ҷойи дуюм ва дипломи дараҷаи II Олимпиадаи байналмилалии мазкур сазовор гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 994
  • 1,242
  • 950,014