Таи чанд муддат аст, ки дар назди Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Маркази омузишии компютеркунонидашудаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона (ICAT) ҷиҳати омузонидани табибони вилояти Хатлон дар самти «Омӯзиши технологияи мутобиқатгаштаи компютеркунонидашудаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона» ба фаъолият оғоз намуд. Маркази мазкур бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон ва шӯъбаи ташкилоти “IntrahealthInternational” кушода шуда, то ба имрӯз дар доираи фаъолияти он зиёда аз 60 нафар табибон ва кормандони миёнаи тибби муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру навоҳии вилоят ба бозомузӣ ҷалб карда шуданд.
Курсҳои омузишии мазкур дар дораи Лоиҳаҳо оид ба «Саломатӣ ва ғизо» инчунин «Озуқаворӣ ба хотири оянда» роҳандозӣ гаштааст.
Дар курсҳои омузишии мазкур кормандони миёнаи тиб ва табибони Марказҳои ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ҷалб гардидаанд. Мақсади фаро гирифтани мутахассисони марказҳои мазкур ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малакаи корӣ пешигирӣ аз паҳншавии бемориҳои дар фасли гармо сарзананда миёни атфол маънидод мешавад.