Бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди Фитр ба 122 нафар ниёзманд аз ВМКБ кумакҳо тақдим гардиданд

Бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди Фитр ба 122 нафар ниёзманд аз ВМКБ кумакҳо тақдим гардиданд
Май 12
14:16 2021

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди Фитр ба 122 нафар маъюб аз оилаҳои ниёзманди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон кумакҳо тақдим гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.

Кумакҳоро дар вазъияти тантанавӣ муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фирдавс Ҳаётзода, Вазири тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов тақдим намуданд.

Кумаки мазкур аз аробачаҳои  маъюбӣ ва маводҳои ғизо, аз қабили орд, шакар, биринҷ, картошка, макарон ва равған иборат мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои сатҳи некуаҳволии мардум пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Ҳамасола дар арафаи иди саиди Фитр бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табақаҳои ниёзманд кумакҳо расонида мешаванд.

  

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,151
  • 1,242
  • 950,171