Дар Бадахшон филиали МД «Маркази ҷумҳуриявии хун» ифтитоҳ гардид

Дар Бадахшон филиали МД «Маркази ҷумҳуриявии хун» ифтитоҳ гардид
Май 21
14:13 2021

Дар баробари шаҳрҳои Хуҷанду Бохтар ва Кӯлоб бори нахуст дар шаҳри Хоруғ филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» мавриди истифода қарор дода шуд.

ТаврГуфта мешавад  марказ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии донорони хун, ки ҳамасола 14 июн ҷашн гирифта мешавад, таъсис ёфтааст.

Дар маросими ифтитоҳ муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ва Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» Азиз Одиназода ширкат намуда, ифтитоҳи чунин иншоотро дар вилоят ба манфиати кори табибон арзёбӣ карданд.

Маркази мазкур дорои 15 утоқи барҳавои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ барои нигоҳдории хун, се ташхисгоҳ, ҳуҷраи муоинаи донорон ва утоқи коркарди хун мебошад. Ҳама ҳуҷраҳо бо мебел ва дигар шароити зарурии корӣ таъминанд.

Имрўзҳо дар филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар шаҳри Хоруғ 20 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ  фаъолият менамоянд. Меҳмонон бо шароити фароҳамомада, таъмини таҷҳизоти пешрафта ва шароити мусоиди корӣ шинос шуданд.

Барои таъмиру таҷдиди бинои марказ 578 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ихтисос дода шуда, бо маблағи беш аз 700 ҳазор сомонӣ таҷҳизоту лавозимоти корӣ барои ҳуҷраҳои корӣ харид шудааст. Бартарияти марказ дар он аст, ки ба низоми ягонаи иттилоотии ҷумҳурӣ пайваст буда, фаъолияти кормандон аз пойтахт назорат карда мешавад.

 

Аз ҷониби масъулини соҳа мутахассисон дар ду давр дар пойгоҳи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар шаҳри Душанбе ба бозомўзӣ фаро гирифта шуда, ҳамчун табибони кордон аз уҳдаи вазифаҳои ба уҳдаашон гузошташуда сарбаландона  мебароянд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар маркази маъмурии вилоят-шаҳри Хоруғ кормандони соҳаи тандурустӣ метавонанд чарроҳиҳои вазнинро минбаъд дар ҳудуди вилоят анҷом диҳанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 631
  • 1,242
  • 949,651