Ҳузури намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Ҳузури намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Май 21
15:52 2021

Имрӯз, 21 майи соли равон мулоқоти  муовини  якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, бо Ашита Миттал, намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ сурат гирифт.

Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои муттақобилан судманд дар тамоми соҳаҳо, хоссатан дар самти пешгирии нашъамандӣ ва муолиҷаи он изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки Ашита Миттал, таи чанд рӯз аст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи муаррифии стратегияи нави UNODC дар Осиёи Марказӣ оид ба расонидани мусоидати фаннӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои муқовимат ба ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм, адлияи ҷиноӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ, пешгирии нашъамандӣ ва муолиҷаи он ва дигар самтҳо ҳузур дорад.

Зимни вохурӣ Ашита Миттал, ба фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳама самтҳо хоссатан бобати ба даст овардани пирӯзӣ дар муқобили бемории каронавирус, инчунин фаъолияти хуб дар самти пешгирии нашъамандиву табобати он баҳои баланд дод.

Дар навбати худ Ғафур Муҳсинзода, аз ҳамкории зичи СММ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипсогузорӣ намуда зикр дошт, ки роҳбарияти ниҳоди мазкур дар ҳама шароит омодаи фаъолият бо намояндагони СММ ҳастанд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 951
  • 1,242
  • 949,971