Вохурӣ бо донишҷӯён ва устодони риштаи тибби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Вохурӣ бо донишҷӯён ва устодони риштаи тибби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Май 26
10:21 2021

Дар доираи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти “Иттиҳоди табибони ҷавон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 майи соли равон роҳбарияти Иттиҳоди табибони ҷавон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо роҳбарият, донишҷӯён ва хатмкунандагони факултетҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ мулоқот намуд.

Бобоҷон Сафаралиев, роҳбари “Иттиҳоди табибони ҷавон” зимни вохурӣ аз имкониятҳо ва дастгириҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мутахассисони ҷавон ва донишҷӯёни риштаи тибби кишвар ёдовар шуда, аз ҷумла иброз дошт, ки иттиҳоди мазкур метавонад дар ташаккули касбии кормандони ҷавони соҳаи тандурустӣ нақши созгори хешро гузорад.

Зикр гардид, ки  ҳадаф аз таъсиси чунин иттиҳод дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ин пеш аз ҳама пайдо намудани истеъдодҳо дар миёни табибони ҷавон, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо дар самти фаъолият ва идомаи таҳсили баъдидипломии донишандузони ҷавони соҳа мебошад.

Ҳамзамон, дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои доимии донишҷӯёни факултетҳои мазкур бо “Иттиҳоди табибони ҷавон” ва иштироки онҳо дар чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятии соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,037
  • 1,242
  • 950,057