Баррасии хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар ҷаласаҳои онлайнии вазорат

Баррасии хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар ҷаласаҳои онлайнии вазорат
Май 26
15:49 2021

Расонидани хизматрасонии босифати тиббӣ ба модарон ва кӯдакон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

Дар ин росто, қайд намудан ба маврид аст, ки бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ба модарон ва кӯдакон ва пешгирии фавти онҳо ҳар ҳафта дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар  таҳти роҳбарии муовини вазир, сарпарасти соҳа Зулфия Абдусаматзода ва бо иштироки мутахассисони варзидаи соҳа машваратӣ корӣ доир мегардад, ки дар он роҳбарон ва намояндагони таваллудхонаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар ба тариқи онлайн иштирок менамоянд.

Зимни ҷаласаҳои машваратии онлайнӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа доир ба пешгирии фавти модар ва кӯдак ба кормандони таваллудхонаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузории чунин машваратҳои онлайнӣ ин пеш аз ҳама беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон ва пешгирии фавти онҳо, пешниҳоди тавсияҳои муфид аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа ба акушер-гинекологҳо дар ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолият ва дигар масъалаҳо ба шумор  меравад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 902
  • 1,242
  • 949,922