Душанбе: Омодагӣ ба ҷаласаи вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

Душанбе: Омодагӣ ба ҷаласаи вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
Июн 01
18:08 2021

Тибқи «Нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2020-2021»  баргузории  ҷаласаи  вазирони  тандурустии  давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.

Аз ин лиҳоз имрӯз, 1 июни соли равон бо мақсади омода намудани маводҳо барои ҷаласаи вазирони  тандурустии  давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки баргузории он рӯзи 30 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст, ҷаласаи гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раисии ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи онлайн баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур коршиносони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Федаратсияи Россия, ҷумҳуриҳои Халқии Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур лоиҳаи  “Нақшаи ҳамкориҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2022-2024” ва “Изҳороти муштараки вазирони тандурустии давлатҳои аъзои СҲШ”, ки  ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо таклифу пешниҳодҳои худро изҳор намуданд.

Бо назардошти таклифу пешниҳодҳои ҷонибҳо ҳуҷҷатҳо мукаммал карда шуда, Протоколи ҷаласа ва маводҳои болозикр ба  Котиботи СҲШ барои ирсол намудан ба давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳод мегардад.

Бояд хотиррасон намуд, ки 30 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раисии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 997
  • 1,242
  • 950,017