Имрӯз, 4 июни соли равон дар Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ маросими супоридан ва қабули кӯмаки башардӯстонаи Шоҳигарии Белгия ба беморхонаи мазкур доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, Сафири Шоҳигарии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳ дар Нур-Султони Қазоқистон) Алексис да Кромбурге, консули фахрии Шоҳигарии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Азим, роҳбарият ва кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.
Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат аснои суханронии хеш аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба Шоҳигарии Белгия барои кӯмаки тиббӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, кӯмаки башардӯстонаи кишвари Шоҳигарии Белгия ба беморхонаи мазкур аз таҷҳизоти тиббӣ, аз қабили матрас, рахти хоб, болишт, бистари тиббӣ, қачии нугтез, дастпӯшакҳо ва ғайра иборат мебошанд.