Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро (КМҲ) хабардор намуд, ки дар доираи Механизми вокуниш ба коронавируси COVID-19 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маблағи заминавӣ 3 767 608 доллари ИМА ва 3 767 608 доллари ИМА илова ба маблағгузории заминавӣ дар доираи механизми дар боло зикршуда ҷудо карда шудааст.
Барои дастрасӣ ба ин маблағгузории нав ва таҳияи дархост барои дарёфти маблағгузорӣ, бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2021, N409 дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории техникии байнисоҳавӣ таъсис дода шудаст, ки ба ҳайати он намояндагони бахши давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ шомиланд.
Аз ҳама ҷонибҳои манфиатдор даъват карда мешаванд, ки пешниҳодҳои худро ба гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи дархост ё котиботи КМҲ (почтаи электронӣ: ncc.tajikistan@gmail.com) барои ворид намудан ба дархости мазкур барои дарёфти маблағгузорӣ пешниҳод намоянд.
Мӯҳлати пешниҳоди дархост ба Хазинаи глобалӣ барои дарёфти маблағгузорӣ 30 июни соли 2021 муайян карда шудааст.