Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории байниидоравии татбиқи Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон»

Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории байниидоравии татбиқи Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон»
Июн 09
15:24 2021

Рӯзи 9 июни соли 2021 дар маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории байниидоравии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, №116 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Сафарализода Зафар Сафаралӣ – мудири шӯъбаи ҳуқуқи раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Шараф – муовини вазири адлия, Шодихон Ҷамшед – муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Умарзода Улуғбек – муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Зикрихудоев Асадулло – роҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон, дигар аъзоёни гурӯҳи корӣ ва баъзе намояндагони созмонҳои байналмилалӣ аз қабили Икромов Саидаҳмад – менеҷери лоиҳаи дахлдори БРСММ иштирок варзиданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, №116 «Дар бораи Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон», нақши вазорату идораҳои масъул, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар раванди татбиқи нақшаи миллии амалҳо ва усулҳои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти болозикр дар ин раванд, ҳамчунин вазифаҳо ва мавқеи гурӯҳи кории байниидоравӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Дар машварати мазкур аз ҷумла қайд гардид, ки давлати мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи башар, ба хусус ҳуҷҷатҳои қабулнамудаи СММ арҷ гузошта, баҳри ба тасвиб расонидан ва дар амал татбиқ намудани онҳо корҳои заруриро анҷом дода, аксарияти санадҳои байналмилалии марбутаро дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонидааст.

Яке аз чунин санадҳои бонуфӯзи байналмилалӣ – ин Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ба шумор меравад. Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 апрели соли 2020, №32/10-19258 ва мутобиқи банди 2.1 Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм), ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017, №АП-901 тасдиқ гардидааст, ҷиҳати омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуда буд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо дастгирӣ ва ташаббуси бевоситаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади иҷрои саривақтии тавсияҳои марбут ба банди 1 нақшаи болозикр Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба имзорасонии матни Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» аз 2 феврали соли 2018 таҳти №1002 қабул гардида, тибқи фармони мазкур 22 марти соли 2018 дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» имзо гузоштанд.

Дар баробари ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба конвенсияи мазкур дар кишвари мо марҳилаи навбатии амалишавии муқаррароти Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон оғоз гардида, ҷиҳати ҳамоҳангии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба омодагии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон зарурати дар ҳайати нав таъсис додани гурӯҳи кории байниидоравӣ ба миён омада, дар ҳамин асно бо розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2021 таҳти №32/10-85 гурӯҳи кории мазкур ташкил карда шудааст.

Зимни ҷаласаи корӣ қайд гардид, ки дар хайати гурӯҳи корӣ роҳбарони як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ба монанди Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон ва «Лигаи занони маъюби «Иштирок»- Иноятова Саида шомил карда шудаанд. Бо вуҷуди ин, роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон (ношунавоён, нобиноён) ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон аз рӯи зарурат дар ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ даъват карда мешаванд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис ба ҳайати гурӯҳи корӣ – намояндагони вазорату идораҳои дахлдор дастур дода шуд, ки оид ба корҳои анҷомдодашуда вобаста ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, №116 «Дар бораи Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» то 1 июли соли 2021 ба котиботи гурӯҳи корӣ маълумот манзур намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 672
  • 1,242
  • 949,692