Дар Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаҳо ба тасвиб расиданд

Дар Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Июн 09
15:34 2021

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, якчанд созишномаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расониданд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, инҳо аз ҷумла Созишномаи дастгирӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон», Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе», Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе»,  Созишномаи дастгирӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе», Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд,  Дар бораи мактуб-созишномаи Гранти Фонди трастии донории бисёрҷонибаи Барномаи рушди ҳамкорӣ ва савдо дар Осиё (БРҲСО) барои лоиҳаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, Дар хусуси «Илова ба Созишнома оид ба маблағгузории Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон (D604-TJ)», Созишномаи маблағгузорӣ (маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) ва Созишномаи маблағгузорӣ (маблағгузории дуюми иловагӣ барои Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд мебошанд.

Созишномаҳои мазкурро масъулини соҳа — вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Мавзуна Шамсидинзода, Музафарҷон Маҳмудзода, Абдуҳалим Ғаффорзода,  Бахтиёр Аҳмадзода ва Фозил Обидзода ба  вакилони Маҷлиси намояндагон муаррифӣ намуданд.

АКСҲО аз бойгонӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 902
  • 1,242
  • 949,922