Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Равишҳои муосир дар табобати бемориҳои андрологӣ” конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид

Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Равишҳои муосир дар табобати бемориҳои андрологӣ” конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
Июн 16
15:25 2021

Имрӯз, 16 июни соли равон дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон”-и шаҳри Душанбе бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи урологони Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Равишҳои муосир дар табобати бемориҳои андрологӣ” конфронси илмӣ-амалӣ  доир гардид, ки дар он  як қатор урологон ва андрологони кишвар ва ҳамзамон  мутахассисони варзида аз кишварҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва кишвари Фаластин иштирок  ва суханронӣ намуданд.

Ризоев Хайриддин, сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои урологӣ, ҳамзамон роҳбари Ассотсиатсияи урологони Тоҷикистон иброз намуд, ки ҳадаф аз баргузории конфронси мазкур-ин пеш аз ҳама баланд бардоштани савияи дониши урологони тоҷик, табодули таҷриба бо мутахассисони варзидаи хориҷӣ дар соҳаи урология ва дар оянда ҷорӣ намудани табобатҳои муосир дар соҳа мебошад.

Қайд гардид, ки имрӯз дар баробари дигар бахшҳои муҳими соҳаи тандурустӣ бахши урология низ дар Тоҷикистон рушду пешрафт намудааст, ки табибони тоҷик дар ин самт бо истифода аз имконот ва шароити муҳайёгардида дар самти ташхис ва табобати бемориҳои урологӣ ба дастовардҳои назарррас ноил гардидаанд.

Инчунин, дар конфронс урологон ва андрологон аз кишварҳои Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Фаластин  доир ба соҳаи безуриётӣ, бемориҳои санги пешоб ба ҳозирин презентатсияҳо пешниҳод намуда, оид  ба усулҳои нави  ташхис ва бабобати бемориҳои мазкур ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуданд.

Дар маҷмӯъ, иштирокчиёни конфронс, ки аксарашонро урологон ва андрологони ҷавони тоҷик ташкил медоданд, аз маърӯзаҳои пешниҳодгардида маълумот ва тавсияҳои муфид гирифтанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 737
  • 1,242
  • 949,757