Рафти иҷрои «Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025” таҳлил ва баррасӣ гардид

Рафти иҷрои «Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025” таҳлил ва баррасӣ гардид
Июн 18
08:29 2021

17 июн дар маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо роҳбарии муовини вазир, сарпарасти соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед бо иштироки сардорони раёсатҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарияти Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, МД «Идораи сохтмони асосӣ» ва дигар ташкилоту муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявии ҳифзи иҷтимоӣ рафти иҷрои «Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025” ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли  2021 таҳти №52 тасдиқ шудааст, мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.

Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025 барои рушди тадбирҳои дастгирии иҷтимоии маъюбон, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати иштирок дар ҳаёти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо таҳия гардидааст.

Барнома мақсад, вазифа, афзалият ва тадбирҳои таъмини дастрасии бемамониати маъюбон ба иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ (биноҳои манзилӣ, ҷамъиятӣ ва истеҳсолӣ, иншооти варзишӣ, маҳалҳои истироҳатӣ, иншооти фарҳангӣ-маърифатӣ ва дигар иншооти дахлдор), инчунин қоидаҳои истифодаи бемонеаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, автомобилии байнишаҳрӣ ва ҳамаи намудҳои нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ, воситаҳои алоқа ва иттилоот аз ҷониби онҳоро муайян менамояд.

Ташкили муҳити фаъолияти ҳаётии барои маъюбон дастрас яке аз самтҳои сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад, ки натиҷаҳои амалии он бояд барои маъюбон имкониятҳои баробар ба дигар шаҳрвандонро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт таъмин намояд (барои маълумоти бештар матни барнома дар ҳамин сомона ҷойгир карда шудааст).

Дар рафти ҷаласа сараввал муовини вазир оид ба моҳияти қабул гардидани барнома ва аҳамияти амалӣ гардидани Нақшаи чорабиниҳои он сухан намуда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун як аъзои комилҳуқуқи  СММ ҳанӯз моҳи марти соли 2018 ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ҳамроҳ гардидааст.  Қабул гардидан ва саривақт дар амал татбиқ намудани он яке аз омилҳои муҳиме барои ташаккул додани заминаҳои воқеӣ дар самти ҳарчӣ зудтар ба тасвиб расонидани конвенсия ба шумор меравад.

Сипас, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Қурбонзода Қ.Б. баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025 дар маҷмӯъ аз 45 банд иборат буда, зиёда аз 60 чорабиниро дар бар гирифтааст. Дар ин росто, 16 банд ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ марбут буда, ба 8-тои он вазорат бевосита масъулияти иҷрокунандаи аввалро дорад.

Аз ин лиҳоз, тибқи муқаррароти амалкунанда айни замон лоиҳаи фармоиши дахлдор дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалигардонии Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025 таҳия карда шуда, дар мувофиқаи раёсату идораҳои вазорат қарор дорад. Тибқи фармоиши номбурда ба Муассисаи давлатаи «Идораи сохтмони асосӣ», Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо раёсатҳо ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони хадамотҳо, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои тобеи вазорат, сардорои раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷетӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, барои амалигардонии нақшаи чорабиниҳои мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар охири ҷаласа матни барнома, ки дар шакли китобчаи алоҳида чоп гардидааст, барои корбарии минбаъда ба иштирокчиёни он дастрас гардонида шуд.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 998
  • 1,242
  • 950,018