Июн 25
07:14
2021
Бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 дар миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло дар шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, метавонанд барои гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш муроҷиат намоянд.
Тавре мутахассисони соҳа таъкид мекунанд, ягона роҳи эмин мондан аз сирояти коронавируси нави COVID-19-ин гирифтани ваксинаи зидди бемории мазкур мебошад. Танҳо бо гирифтани ваксина ҳар яки мо метавонем худ ва наздиконамонро аз сироят ёфтан ба бемории мазкур эмин нигоҳ дорем.