ДУШАНБЕ: Иштироки фаъоли сокинон дар маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19

ДУШАНБЕ: Иштироки фаъоли сокинон дар маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19
Июн 25
16:59 2021

Тавре қаблан иттилоъ додем, бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур дар миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло дар шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Аллакай  субҳи имрӯз шаҳрвандони зиёде ба марказҳои саломатии пойтахт-шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ ҷиҳати пешгирии бемории мазкур ваксинаи зидди бемории коронавируси нави COVID-19-ро гирифтанд.

Махсусан, дар Маркази саломатии шаҳрии №13-и пойтахт сокинони маҳаллӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ аз соати 8-и субҳ барои гирифтани ваксина ба муассисаи мазкур ташриф оварда, барои муҳофизати худ ва наздиконашон ба ваксинатсия зидди бемории мазкур фаро гирифта шуданд.

Тавре масъулини муассисаи номбурда иброз доштанд, мувофиқи нақша бояд дар маркази мазкур ҳудуди 43 156 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шаванд.

Ҳамзамон, имрӯз маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти коронавирус дар Маркази саломатии шаҳрии №6-и пойтахт низ бо иштироки фаъоли сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷараён гирифт.

Тавре иттилоъ дода шуд, аллакай дар ҳудуди ноҳияи мазкур нақшаи ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19  фаро гирифтани шахсони аз 60-сола боло пурра иҷро шуда, табибони ин марказ нақша доранд, ки ҷараёни иҷрои нақшаи фарогирии дигар қишрҳои ноҳияро бо ваксинаи зидди бемории коронавирус боз ҳам ҷоннок намоянд.

Ҳамзамон, дар тамоми марказҳои саломатии шаҳри Душанбе гурӯҳҳои сайёр ташкил шудаанд, ки нафарони имконияташон маҳдудро дар манзилҳои истиқоматиашон ба ваксина муқобили ин беморӣ фаро мегиранд.

Маврид ба зикр аст, ки  гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 дар мамлакат ройгон буда, ба шаҳрвандон пас аз гирифтани ваксина Гувоҳинома дода мешавад.

Тавре мутахассисони соҳа таъкид мекунанд, ягона роҳи эмин мондан аз сирояти коронавируси нави COVID-19-ин гирифтани ваксинаи зидди бемории мазкур мебошад. Танҳо бо гирифтани ваксина ҳар яки мо метавонем худ ва наздиконамонро аз сироят ёфтан ба коронавирус эмин нигоҳ дорем.

Ёдовар мешавем, ки маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19  санаи 22 марти соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” миёни кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз гардид, ки нахуст шуда вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави ба ваксинатсия зидди сирояти мазкур фаро гирифта шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 1,121
  • 1,242
  • 950,141