Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат 21 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, инчунин, 14 нафар пас аз муолиҷа солим гардонида шуданд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 25 июн дар кишвар 13392 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13243 нафар (98,9%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 90 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.