Фаъолияти Лоиҳа тибқи Дастурамали нави МАНФ

Фаъолияти Лоиҳа тибқи Дастурамали нави МАНФ
Июн 24
17:03 2021

Рӯзи 24 июни соли равон дар шаҳри Душанбе даври омӯзишӣ ҷиҳати муаррифии “Дастурамал оид ба амалисозии маблағгузорӣ аз руи натиҷаи фаъолият (МАНФ)” дар таҳрири нав барои кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ»  баргузор гардид.

Даври омӯзиширо бо сухани ифтитоҳӣ Муҳсинзода Ғ.М.- муовини якуми вазир/ҳамоҳангсози Лоиҳа оғоз намуда, ба ҳозирин барои саҳми сазовор гузоштанашон дар амалишавии лоиҳа баҳои баланд дода, онҳоро барои фаъолияти боз ҳам хубтару босамар даъват намуд. Номбурда зимни суханронӣ аз ҷумла қайд намуд, ки ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикон оид ба рушд, ки дар партави сиёсати созандаи Роҳбарияти Давлату Ҳукумати Тоҷикистон рӯз аз рӯз дар ҳоли рушд қарор дорад, ба таъмин намудани раванди гузаронидани ислоҳот, беҳтаркунии заминаи моддию техникӣ ва захираҳои кадрии система равона карда шудааст. Ба хусус Бонки умумиҷаҳонӣ дар самти  рушди соҳаи тибби кишвари мо мавқеи хеле калон доранд.

Офитсери Лоиҳа Баҳодур Холназар аз дастовардҳои Лоиҳа тули  ҳафт соли фаъолияташ ёдовар шуда, аз ҷумла зикр намуд, ки: “Аз тарафи Лоиҳа дар ин муддат зиёда 2 ҳазору 800 кормандони тиб дастгирӣ ёфтанд ва зиёда аз як миллиону сесад ҳазор нафар аҳолӣ бо хизматрасонии босифати тиббӣ фаро гирифта шуданд. Лоиҳа дар 440 марказу бунгоҳҳои саломатии 10 ноҳияи таҷрибавӣ бо самар амалӣ гардида, то имруз аз руйи натиҷаи фаъолият, нишондиҳандаҳои  миқдорӣ ва сифатӣ, барои кормандони муассисаҳои тандурустии кумаки аввалияи тиббию санитарии  ноҳияҳои таҷрибавӣ дар хаҷми зиёда аз 8 миллион доллари ИМА (зиёда аз 75 миллион сомонӣ) ҷудо карда шуда, аз ин ҳисоб, қисмати зоҳириву дохилии биноҳои Мапказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои саломатӣ таъмиру тармим гардидааст. Ҳамзамон дастгоҳу таҷҳизоти лозимаи тиббиро низ харидорӣ намудаанд.

Бо мақсади беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ  ва мустаҳкам сохтани базаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ, тибқи нақша 37  муассисаҳои тандурустии самти кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ карор гирифт, ки бо 85 номгуи дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, мебели махсус, занҷираи нигаҳдории хунукӣ барои ваксинаҳо, чоҳҳои обкаш ва манораҳо, генератор, сарчашмаи алтернативии истеҳсоли неруи барқ, яъне панелҳои офтобӣ таъмин карда шудааст.

Умуман Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” басо пурсамар амалӣ гардида, онро ҳамчун як намунаи беҳтарини ҳамкории байни Тоҷикистону Бонки умумиҷаҳонӣ метавон ном бурд. Боиси хушнудист, ки  фаъолияти Лоиҳа боз барои дуюним соли дигар тамдид карда шуд, ки дар ин муддат боз корҳои зиёдеро дар сатҳи ноҳияҳо  ба иҷро расонидан мумкин аст. Ба хусус дар 6 ноҳияи таҷрибавие, ки ба ин Лоиҳа нав ҳамроҳ мешаванд, аз ҷумла ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Кушониён, Кулоб, Ҳамадонӣ, Зафаробод ва Дарвоз, дар самти ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, расонидани хизмати босифату саривақтии тиббӣ ба аҳолии деҳот, рушди нерӯи кадрӣ имконоти зиёде фароҳам хоҳад шуд.

Албатта дар самти амалишавии Лоиҳа саҳми Хадамот низ зиёд аст. Ва имруз мо боз функсияи назоратӣ, верификатсияи дохилиро ба зиммаи шумо вогузор мекунем ва умед дорем, ки ин навбат низ фаъолияти мову шумо  саманок ва боиси дастгириву пайравӣ хоҳад шуд”.

Муаррифии “Дастурамал оид ба амалисозии МАНФ” ва “Қоидаҳои верификатсия” дар таҳрири нав аз ҷониби мутахассисони Лоиҳа Мирсабурова С.Ҷ.- ҳамоҳангсоз оид ба верификатва Қаландаров Ш.А.- сармутахассис оид ба МАНФ сурат гирифт.

Муаррифии нишондиҳандаи нави МАНФ, ташриф ба хонаводаҳо аз ҷониби  Ғоибова Ф.Б.- мутахассис оид ба иттилоотонии ҷомеъа пешниҳод гардид. Қайд карда шуд, ки “Дастурамали ташриф ба хонаводаҳо” аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 маи соли 2021, № 367 тасдиқ гардида, расман мавриди истифода қарор дода шуд.

Дастурамали мазкур барои мусоидат ба роҳбарони муассисаҳои тиббӣ, табибон ва ҳамшираҳои тибб, ҷиҳати додани имконияти бештар ба аҳолӣ, хонаводаҳо ва аъзоёни дигари ҷомеа барои идораи вазъи саломатии худ тариқи амалҳои самаранок, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии саривақтии бемориҳо пешниҳод мегардад.

Дастурамал нишондиҳандаи (индикатор) 7 МАНФ-ро ба танзим медарорад. Дар доираи талаботи Лоиҳа ва МАНФ ду намуди ташриф ба хонаводаҳо пешбинӣ шудааст. Ташриф ба хона барои бақайдгирӣ, ки тибқи нақшаи ЛБХТ, ба ҳар як хонавода дар минтақаи хизматрасонӣ бояд на камтар аз як маротиба дар сол барои бақайгдирии аҳолӣ ташриф оварда шавад. Барои ҳадафҳои ЛБХТ ин навъи ташрифоварӣ «Ташриф ба хона барои бақайгирӣ» номида хоҳад шуд. Ташрифи мақсаднок ба хона. Ташрифҳои мақсаднок ба хона дар асоси натиҷаҳои арзёбӣ ва аъзоёни алоҳидаи хонавода, ки ҳангоми ташриф ба хона барои бақайдгирӣ ошкор шуда буданд, ба нақша гирифта мешаванд.

Бо назардошти тағиру иловаҳои воридшуда дар системаи иттилоотии  МАНФ низ дигаргуниҳо ворид карда шуданд, ки дар ин хусус Ҳусейнов Ҳ.Т.- мутахассис оид ба СИИ МАНФ  ва Латипов М.- мушовири байналмиллалӣ ба ҳозирин ба таври муфассал маълумот доданд.

Дар кори ҷаласа роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуруҳи ҳамоҳангсозии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, роҳбарону масъулони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва намояндагони онҳо дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки ба кори верификатсия ҷалб карда мешаванд, иштирок намуда, фикру андеша ва пешниҳодҳои худро иброз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 974
  • 1,242
  • 949,994