Дар Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати эмин мондани сокинон аз сироятёбӣ ба КОВИД-19 пурзӯр мегардад

Дар Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати эмин мондани сокинон аз сироятёбӣ ба КОВИД-19 пурзӯр мегардад
Июл 06
15:32 2021

 Тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Ситоди шаҳрӣ  оид ба  пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавируси КОВИД-19 дар пойтахти мамлакат корҳои фаҳмондадиҳӣ  ҷиҳати эмин мондани сокинон аз ин беморӣ  пурзӯр  мегардад.

Аз ҷумла, имрӯз аз ҷониби гурӯҳҳои таъсисгардида дар  бозорчаи “Ҳайдариён”, Маркази савдои “Ганҷина”,  “Панҷшер”,  кӯчаву хиёбонҳои Фирдавсӣ ва Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  бо сокинон мулоқоту суҳбатҳо доир гардид.

Зимни суҳбат  ба онҳо тавсия дода шуд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маконҳои серодам  аз ниқобҳои муҳофизатӣ ҳатмӣ истифода бурда, қоидаҳои беҳдоштро риоя намоянд.

Ҳамчунин ба сокинон маслиҳат дода шуд, ки нисбат ба саломатии худу атрофиён бепарвоӣ зоҳир накарда, барои эмин мондани худ ва наздиконашон аз ин бемории хатарноки сироятӣ  ба  марказҳои саломатии макони зисташон муроҷиат намуда, ваксина гиранд.

Бо қарори Ситоди шаҳрӣ дар чор ноҳияи пойтахт  гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфтаанд, ки онҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маконҳои серодам  ба хотири пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ бо  сокинону меҳмонони шаҳр корҳои фармондадиҳӣ  мебаранд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 1,030
  • 1,242
  • 950,050