Табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистон ва Хитой дар самти пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории COVID-19

Табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистон ва Хитой дар самти пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории COVID-19
Июл 15
12:59 2021

Бо мақсади табодули таҷриба дар самти пешгирӣ, ташхис ва табобати гирифторони бемории COVID-19 имрӯз, 15 июл бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мутахассисони Ҷумҳурии Халқии Хитой видеоконфронс доир гардид.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи видеоконфронс иброз намуд, ки ҳадаф ва мақсад аз баргузории чорабинии имрӯза-ин пеш аз ҳама табодули таҷрибаи табибони ду кишвар дар самти пешгирӣ ва ташхису табобати бемории коронавирус мебошад.

Тавре зикр гардид, таҷрибаи табибони Ҷумҳурии  Халқии Хитой воқеан ҳам дар самти ташхис ва табобати ин беморӣ намунаи ибрат ва қобили омӯзиш мебошад.

Дар идомаи видеоконфронс мутахассисони ду кишвар вобаста ба усулҳои нави ташхис ва табобати бемории мазкур мубодилаи афкор намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 960
  • 1,242
  • 949,980