Натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2021

Натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2021
Июл 17
16:51 2021

Имрӯз, 17 июли соли равон дар Муассисаи давлатии  “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои шашмоҳаи соли ҷорӣ баргузор гардид, ки дар он Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зафар Гулмаҳмадзода, муовини сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода баромад намуд.

Гуфта шуд, ки ҳифзи солимии аҳолии мардуми кишвар  яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Қайд гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2021 бо мақсади таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ бо дастгирӣ ва супоришҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи ҳуҷҷатҳои соҳавӣ, ки ҷанбаҳои аввалиндараҷаи фаъолияти соҳаро фарогир мебошанд, аз ҷумла лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Дар бораи Рӯйхати нишондодҳои иҷтимоӣ барои қатъи сунъии ҳомиладорӣ», «Дар бораи Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030» баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби бо роҳхати табобати истироҳатгоҳӣ ва курортӣ таъмин намудани кӯдакон» 27 апрели соли 2021, таҳти №152 тасдиқ гардид.

Дар баробари ин, лоиҳаи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, дар сатҳи мувофиқа бо дигар вазорату идораҳо қарор доранд.

Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар кишвар низ як қатор муассисаҳои таълимӣ ва табобатӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Аз ҷумла моҳи марти соли 2021 зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Коллеҷи тиббӣ – инноватсионии шаҳри Бохтарро ифтитоҳ намуданд, ки барои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи 6 ихтисоси миёнаи тиббӣ дар бахши тандурустӣ пешбинӣ гардидааст. Инчунин, 25-26 марти соли 2021 Сарвари давлат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои наву муосири Маркази ташхисию табобатии “Исмоил”, дар ноҳияи Кӯшониён бинои нави Маркази тандурустии “Ваҳдат” ва дар ноҳияи Ёвон шуъбаҳои қабул, қалб ва шикастабандии Беморхонаи марказии ноҳияро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Ҳамзамон, бахшида ба истиқболи шоистаи ҷашни бузурги миллии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  8 апрели соли 2021 дар деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан бинои нави Маркази дастгирии оила ва кӯдаки “Фарзанди Ватан” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар он барои зисту зиндагонӣ ва таҳсилу табобати 150 нафар кӯдаки ятиму бепарастор ва дорои бемориҳои гуногун шароит муҳайё карда шудааст.

Дар ин давра беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, тавассути вориднамоии принсипи тибби оилавӣ идома ёфта, дар муассисаҳои таълимию клиникии тибби оилавӣ 187 нафар кормандони тиб давраи бозомӯзиро аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ ва 314 нафар мутахассисони тибби оилавӣ давраҳои такмили ихтисосро аз рӯи барномаҳои гуногун хатм намуданд.

Дар маҷмӯъ, айни ҳол шумораи табибони оилавии омӯзонидашуда дар муассисаҳои таълимию клиникии тибби оилавии ҷумҳурӣ 4453 нафар ва кормандони миёнаи тибби оилавӣ 8343 нафарро ташкил медиҳанд.

Ҷиҳати фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» то имрӯз дар маҷмӯъ ба зиёда аз 845 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва 67 нафар бемор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар ва ба 15 нафар амалиёти пайванди мағзи усутухон, дар 6 моҳи соли 2021 бошад, ба 56 нафар бемор (дар 6 моҳи соли 2020 – 36 нафар бемор) амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда, ки аз ин теъдод 3 нафар кӯдак ва 12 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд ва ба 5 нафар (дар 6 моҳи соли 2020 – 5 бемор) ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст, ки 1 нафар кӯдак мебошад.

Бо мақсади пешгирӣ намудани маъюбшавӣ дар байни кӯдакон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” ба 50 нафар кӯдакон, дар Маркази дилу шараёни вилояти Суғд ба 31 нафар кӯдак ва дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” 418 нафар кӯдакон аз муоинаи тиббии мутахассисони Аморати Муттаҳидаи Араб гузаронида шуда, ба 57 нафари онҳо амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд. Ҷамъ дар нимсолаи якуми соли 2021 ба 138 кӯдаки гирифтори бемории “Нуқсони модарзодии дил” амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст. Инчунин, бо мақсади пешгирии маъюбшавии кӯдакон дар ин давра дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ба 50 нафар кӯдакон ҷарроҳии роғи модарзодии лаб, ба 121 нафар ҷарроҳии коми сахту мулоим ва ба 21 нафар бартарафкунии деформатсия гузаронида шуд.

Инчунин, дар шуъбаи ҷарроҳии асаби кӯдаконаи маркази болозикр дар 6 моҳи соли 2021 ба 26 нафар кӯдакони гирифтори бемории чурраи ҳароммағз, ба 29 нафар кӯдакони гирифтори бемории гидросефалия ва дар шуъбаи осебшиносӣ ва раддодии кӯдакона бошад, ба 22 нафар кӯдакони гирифтори бемории фалаҷи кӯдаконаи майнаи сар амалиётҳои ҷарроҳӣ  гузаронида шуд.

Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 806 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил гардиданд, ки нисбати соли 2020 83 адад зиёд мебошанд. Дар 6 моҳи соли 2021 ба 43 223 нафар кӯдакон амалиёти хатна ба таври ройгон гузаронида шудааст, ки ин шумора нисбати соли 2020-11 644 нафар зиёд  мебошад.

Дар доираи таҳкими иқтидори кадрӣ ва рушди нерӯи инсонӣ тибқи маълумотҳои оморӣ ба 1 июли соли 2021 миқдори умумии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан 20221 ва 58614 нафарро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаҳои таъминотнокӣ бо табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ ба 10000 аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 21,7 ва 62,9 – ро ташкил кард.

Ҷиҳати сарфароз гардонидани кормандони соҳа бо мукофотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бахшида ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба 27 нафари онҳо аълочии ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин, ба 41 нафар «Ифтихорнома» ва ба 20 нафари дигар «Сипоснома»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дода шуд. Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки дар 6 моҳи соли равон бо мақсади иҷроиши банди 59 «Тартиби гузаронидани аттестатсияи кадрҳои тиббӣ ва фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аттестатсияи навбатии кормандони соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Бохтар ва минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон гузаронида шуда, 230 нафар табибон ба он фаро гирифта шуданд. Инчунин, барои гирифтани дараҷаи тахассусӣ 580 нафар табибони муассисаҳои тиббии зертобеи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаҳои тандурустии зертобеи дигар вазорату идораҳо, муассисаҳои тиббии хусусӣ аз аттестатсия гузаштанд.

Боиси қайд аст, ки дар давраи ҳисоботӣ аввалин маротиба дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон донишҷӯёни факултети стоматолгӣ дар соли таҳсили 2020-2021 донишгоҳро аз рӯи ихтисоси 1-79.01.07 «Стоматология» 45 нафар хатм намуданд, ки аз он 4 нафар соҳиби дипломи аъло гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади ташкил ва гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар ҷумҳурӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 марти соли 2021, №83 тасдиқ гардид, ки дар асоси он як қатор фармоишҳои вазорат вобаста ба ташкил ва бомуваффақият гузаронидани иммунизатсия зидди сирояти COVID-19 ба имзо расонида шуда, амалӣ шуда истодаанд.

Дар асоси фармоиши вазорат 23 марти соли 2021 дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва доираи васеи рӯзноманигорон маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар Тоҷикистон расман оғоз гардида, то санаи 16 июли  равон наздики 422 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ба иммунизатсия зидди бемории мазкур фаро гирифта шуданд.

Дар самти рушди соҳаи фарматсевтӣ ва назорати маводҳои доруворию молҳои тиббӣ дар нимсолаи аввали соли 2021 ба ҷумҳурӣ маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба маблағи умумии 55 миллиону 699 ҳазору 192 доллари амрикоӣ ворид ва аз ҷумҳурӣ ба маблағи 1 миллиону 238 ҳазору 321 доллари амрикоӣ содирот карда шудааст.

Давоми нимсолаи якуми соли 2021 бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои табобатию пешгирӣ бо таҷҳизотҳои тиббии муосир аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба як қатор муассисаҳои табобатию пешгирии ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 335 миллиону 625 ҳазору 640 сомонӣ таҷҳизот ва  асбобҳои тиббӣ, мебел ва молҳои тиббӣ дастрас карда шуд.

Дар ин давра фаъолият дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ идома ёфта, айни ҳол дар муассисаҳои будубоши доимии соҳа 20 нафар ятимони кул, 28 нафар нимятим ва 51 нафар аз оилаҳои камбизоат дар таъминоти давлатӣ қарор дошта, аз тарафи шабакаи хизматрасонии иҷтимоии будубоши муваққатӣ дар ҷумҳурӣ ба 5829 нафар пиронсолону маъюбон ва ба 3617 нафар кӯдакони имкониятшон маҳдуд хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ ва тавонбахшии ҷисмониву равонӣ расонида шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 36 нафар бошандагони муассисаҳои будубоши доимӣ ва марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбон ба муҳити оилавӣ баргардонида  шуданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2021 аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар рӯзҳои сешанбе ва шанбе 1501 нафар шаҳвандон қабул гардида, тамоми муроҷиатҳои хаттии онҳо дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар муҳлатҳои муқарраргардида мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дода шудаанд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии мамлакат низ вобаста ба фаъолияти хеш дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳисобот доданд.

Дар фарҷоми ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, пурзӯр намудани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвият бахшидани чораҳои зиддиепидемикӣ ҷиҳати пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 918
  • 1,242
  • 949,938