Дар Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва картошка оғоз ёфт

Дар Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва картошка оғоз ёфт
Июл 22
09:11 2021

Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат супориш доданд, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироатҳо, бахусус картошка  бознигарӣ карда шуда, майдони кишти он зиёд карда шавад.

Дар партави дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои хоҷагии ёрирасони Муассисаи давлатии “Маркази миллии  бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳори имсол дар майдони як гектар замин кишти картошка ва дар масоҳати 10 гектар ғалладона кишт карда шуд.

Бояд гуфт, ки зиёд намудани истеҳсол ва захираи маҳсулоти ниёзи аввал, таъмини ошхонаи муассиса бо маҳсулоти аълосифати худӣ, тозаву озода ва сабзу хуррам нигоҳ доштани заминҳои атрофи беморхона, истифодаи оқилонаи заминҳои хоҷагии ёрирасон, гузаронидани кишти такрорӣ ва захираи маводи ғизоӣ дар мадди назари роҳбарияти муассисаи номбурда қарор доранд.

Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосили ғалла ва картошка таҳти роҳбарии директори муассиса Азиз Абдураҳимов идома дошта, кормандони марказ бо шукргузорӣ аз пойдории сулҳу оромии кишвар  саъю талош ва нерую матонати хешро баҳри  рушди соҳаи тиб, солимии аҳолӣ, татбиқ намудани ҳадафҳои созандаву бунёдкорона, корҳои ободониву созандагӣ ва сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 970
  • 1,242
  • 949,990