Баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии аҳолӣ-мусоидат ба пешгирии беморӣ!

Баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии аҳолӣ-мусоидат ба пешгирии беморӣ!
Август 13
16:27 2021

Вобаста ба Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси КОВИД-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти самараноки ҳамбастагӣ бо ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ дар мавзӯи “Пешгирии бемории COVID-19, бемориҳои сирояти шадиди рӯда, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим ва муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19” дар МД ”Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар семинар тренерони миллӣ аз МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”, намояндагони соҳаи  тандурустӣ ва маориф иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур дар шароити пандемияи сирояти COVID-19 ин баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ вобаста ба хатар ва пешгирии бемории COVID-19, бемориҳои сирояти шадиди руда, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим ва муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19, паст намудани сатҳи беморшавӣ ва пешгирии фавти аҳолӣ мебошад. Иттилооти возеҳ ва муфассал оид ба амалҳои кормандони марказҳои саломатии деҳот, омӯзгорони мактабҳо, фаъолони ҷомеа ва хонандагон дар мактаб ин вобаста ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, пешгирии бемории COVID-19, бурдани тарзи ҳаёти солим ва муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 мебошад.

Марҳилаи дигари чорабиниҳо дар сатҳи ноҳиявӣ гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ барои кормандони тибби муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ мебошад. Чунин омӯзишҳо аллакай дар 13 ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шуданд. Дар рӯзҳои баргузории семинар 130 нафар кормандони тиб ва 130 нафар омӯзгорон оид ба мавзӯи мазкур омӯзонида шуданд.

Ҳадаф аз ин чорабиниҳо омода намудани ихтиёриён аз ҳисоби кормандони тиб ва омӯзгорон барои паҳн намудани маълумот доир ба пешгирии бемории COVID-19, бемориҳои сирояти шадиди руда, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим ва муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар байни аҳолӣ мебошад. Чунин машғулиятҳои омӯзишӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ пешбинӣ шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 712
  • 1,242
  • 949,732